Муродулло Амриллоев
| |
Иттилоъоти инфиродӣ | |
Ҷинс | мард |
Кишвар | |
Тахассус | шашка[d] |
Зодрӯз | 5 май 1972 (52 сол) |
Зодгоҳ | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Муродулло Амриллоев (Амриллоев Муродулло Амониллоевич; тав. 5 майи 1972, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — шашкабоз, аввалин гроссмейстери байналмилалӣ (2007) аз байни тоҷикон, гроссмейстери Федератсияи Русия (1998).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Академияи давлатии варзиши Урал (Федератсияи Русия; 2003). Чемпиони чандинкаратаи Тоҷикистон. Аз соли 1996 дар Ҷумҳурии мухтори Бошқирдистони Федератсияи Русия кору зиндагӣ мекунад. Чемпиони ҷаҳон оид ба шашкаи русӣ (1993), се карат чемпиони ҷаҳон оид ба бозии тези (блитс) шашкаи русӣ (1995, 2005, 2006), ду карат дорандаи Ҷоми чемпионҳои Европа (2000, 2001), ду карат ғолиби чемпионати клубии Европа оид ба шашкаи русӣ (2005, 2006), дорандаи чандин Ҷоми конфедератсияи Европа (2000 — 09), медалҳои биринҷии чемпионатҳои ҷаҳон (2007, 2008) ва чемпионатҳои Европа (2009 — 10) оид ба шашкаи байналмилалӣ.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Профиль в базе данных Федерации шашек Нидерландов(англ.)
- Профиль на сайте ФМЖД
- Муродулло Амриллаев на сайте клуба «Башнефть»
- http://www.book-chel.ru/ind.php?what=card&id=171 в энциклопедии Челябинск
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Амриллоев Муродулло // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |