Jump to content

Александр Вишневский

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Вишневский Александр Яковлевич
Таърихи таваллуд 5 июн 1926(1926-06-05) (98 сол)
Зодгоҳ Николаево, Украина
Фазои илмӣ таърих
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Алма-матер Институти давлатии педагогии Душанбе

Вишневский Александр Яковлевич (тав. 5 июни 1926, Николаево, Украина) — муаррих, доктори илмҳои таърих (1976).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1942 ба факултаи филологияи Институти давлатии педагогии Душанбе дохил шуда, баъд аз хидмат дар сафи Артиши Шӯравӣ (1943-45) онро хатм намуд (1948). Солҳои 1948-51 муаллими мактаб, 1951-61 мушовир ва корманди шуъбаи таблиғу тарвиҷ, лектори Кумитаи ҳизбии шаҳри Душанбе, 1961- 63 сармуҳаррири студияи кинои «Тоҷикфилм» ва ҷонишини сардори идораи санъати Вазорати маданияти Тоҷикистон, 1963-70 ходими калони илмӣ, аз соли 1970 котиби илмии Институти таърихи ҳизби назди КМ ҲК Тоҷикистон, аз соли 1979 то апрели 1984 ходими калони илмии сектори таърихи фарҳанги Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон ва аз апрели 1984 то октябри 1990 мудири сектори таърихи ҳизб буд. Муаллифи зиёда аз 100 мақола ва асари илмӣ.

Бо ордени Ҷанги ватанӣ (дараҷаи 2), 9 медал, Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

  • Великая дружба. Д., 1965; Роль русского рабочего класса в исторических судьбах таджикского народа. Д., 1967 (ҳаммуаллиф);
  • Многонациональное Советское государство. М., 1972 (ҳаммуаллиф);
  • Союз равных. М., 1972 (ҳаммуаллиф);
  • Школа дружбы народов: Красная армия — школа интернационализма и дружбы народов. Д. 1976;
  • Ленинская национальная политика в действии (осуществление ленинской национальной политики в Таджикистане в годы социалистического строительства). Д., 1982;
  • Расцвет социалистических наций (исторический опыт культурного прогресса народов Средней Азии и Казахстана в условиях социализма). Д., 1987 (ҳаммуаллиф).